МОИТ Хатлон

Маркази омор ва иттилооти тиббии вилояти Хатлон

Маркази омор ва иттилооти тиббии Раёсати тандурустии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон моҳи сентябри соли 1998-ум дар асоси низомномаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар заминаи бюрои ташкилию методии тибби ташкил карда шуд. 

Бюрои ташкилию методии тибби дар ошёнаи 2-юми Раёсати тандурустӣ дар як ҳуҷраи бо тахта ба се ҳуҷра тақсимкарда шуда, ҷойгир шуда буд. Баъд аз аз ташкил шудани Маркази омор ва иттилооти тиббии, ба ошёнаи якуми Раёсати тандурустӣ гузаронидашуда ва бо 7-ҳуҷраи кори таъмин карда шуд. Маркази  омор ва иттилооти тиббии Раёсати тандурустӣ аз  тарафи Бонки Умиҷаҳонии Тандурустӣ  ва буҷаи маҳалли бо таҷҳизотҳои нави техники замонавӣ,  компютер, дастгоҳи нусхабардори ва мошинаи хизмати таъмин гардид.  Аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Здрав плюс» бошад, бинобар дуруст ба роҳ мондани барномаи компютерӣ «Табобати бистарӣ» дар Беморхонаи вилояти  аз соли 2003 то 2005 11-Беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ, ҳамчун муассисаҳои таҷрибави дониста шуда бо компютерҳо таъмин шудаанд.

Дар солҳои 2004-2005 бо супориши сардори  Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон китоби нишондодҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон аз чоп бо забони давлатӣ бори аввал чоп мешавад.

Роҳбарии маркази мазкур аз солҳои 2006-ум то моҳи марти  соли 2012-ум ба ӯҳдаи Абдураҳмонов Шодӣ Ҳодиевич (табиби кӯдакона)  гузошта мешавад.  Аз соли 2012-ум то моҳи июли соли 2014-ум директори  Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Асроров Додихудо Рашидович (биолог)  таъин мегардад.  Моҳи апрели соли 2015-ум марказ ба ошёнаи 3-юми бинои филиали муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии Илмии Хун”-и шахри Қӯрғонтеппа гузаронида шуд. Айни ҳол марказ аз се ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

Дар маркази мазкур 10-нафар кормандон фаъолият доранд. Аз ин шумора як нафар табиб дорои маълумоти тиббӣ  ва се нафар кормандони миёнаи тиббӣ ҳамчун ёвари табиб оиди омори тиббӣ (мутахассиси омор) фаъолият доранд. Собиқадорони омори соҳаи тандурустии вилоят шодравон  Салимов Абдулмаҷид, шодравон Язвенко Р.П  ва Орипов О.О буданд.  

Айни ҳол дар марказ  Шарипова Ҷаҳоной Қаҳоровна  бо собиқаи кории 40-солаи соҳаи омори тандурустӣ ва Ҳасанов Охунҷон Қодирович, ҳамчун мутахассиси ҷавони умедбахш бо собиқаи кории 2-солаи омори тиббӣ  фаъолият доранд.

Дар ҳудуди вилоят 24 ноҳия ва ду шаҳр буда, дар назди сохтори госпиталии  ноҳияи Вахшу Восъе маркази омор ва иттилооти тибии алоҳида ташкил шудааст, дар муассисаҳои тандурустии  дигар шаҳру ноҳияҳо бошад, ҳуҷраҳои омории  фаъолият доранд.

Табибони собиқадори  соҳаи омории тиббии  дар ноҳияи Вахш Уразов Холбозор, ноҳияи  Панҷ  Восив Абдусамад, ноҳияи  Ҳамадони Афзалов  Фарид  ва мутахассисони омори миёнаи тибби дар ноҳияи Бохтар  Аъзамова Мавлюда,  ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ Мерганова Алфия, ноҳияи Қумсангир  Давлатшоева Аслибегим айни ҳол фаъолият доранд