МОИТ Суғд

 

Маркази омор ва иттилооти тиббии

Идораи тандурустии Ҳукумати вилояти Суғд

Соли 1971 мувофики талаботи айём Идораи тандурустии вилояти Ленинобод аз нав ташкил гардид. Он вақт Идораи тандурустӣ дар маркази шаҳри Ленинобод, назди тарабхонаи «Хӯҷанд», дар бинои дорухонаи № 7 ҷойгир буд. Ба вазифаи мудири Идораи тандурустии вилоят Ваҳҳобов Азим Ваҳҳобович, ки то ин дам дар ҳайси сардухтури шифохонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ кор мекард, таъин карда шуд.

Ба вазифаи мудири Шӯъбаи методию омории вилоятӣ солхои 1971-1972 Мирзоев Рахматулло Мирзоевич, ки сардухтури шахри Кайроққум буд, таъин шуд. Соли 1973 Мирзоев Р.М. ба вазифаи сардухтури диспансери вилоятии эндокринологӣ гузаронида шуда, ба ҷои у Кубасова Лидия Николаевна, номзади илмҳои тиб таъин гардид.

Аз мохи март то мохи октябри соли 1974 ичрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи омор Пискунов Дмитрий Егорович буд ва аз санаи 7-уми октябри соли 1974 бо фармони №161 Урунов Турсун Урунович ба ин вазифа таъин гардид. Ӯрунов аз мохи марти соли 1975 то мохи июни хамон сол барои баланд бардоштани ихтисос ба шахри Харкови Ҷумҳурии Украина фиристода шуд. Дар Харков ҳангоми тахсил Ӯрунов Т. У. бо бисёр муаллимҳо, олиму донишмандон, бо ассистентҳои кафедра ва муаллимони дарсҳои таҷрибавӣ хамсӯҳбат шуда, бисёр усулҳои нави корбарии сохаи оморро аз худ намуд,  хусусан тахлили кори муассисаҳои тиббиро. Ин корро дар асоси таҳлили фаъолияти табобатхонаи вилояти Ленинобод нишон дода, сохиби шаходатномаи аъло гардид.

Омори тиббии вилоятӣ ҳамчун сохтори шӯъбаи ташкилию методии табобатхонаи вилоят буд ва бо фармони ВТ Ҷумҳурии Тоҷикистон №779 аз 10 октябри соли 1974 ба Бюрои методию омории Идораи тандурустии вилоят табдил дода шуд, ва дар он ду духтур ва се корманди миёнаи тиб кор мекарданд.

Ҳоло Маркази омор ва иттилооти тиббии вилоят, ҳамчун сохтори Идораи тандурустии Ҳокимияти вилояти Суғд фаъолият дошта, дар он 1 нафар табиб, 1 мутахассис иқтисодчӣ ва 1 нафар бо маълумоти техникӣ кору фаъолият доранд.

Аз санаи 29 маи соли 2012 сол Аббосов М.Х. сарварии Маркази омор ва иттилооти тиббии вилояти Суғдро ба ӯҳда дорад.