Оиди Марказ

МАРКАЗИ ОМОР ВА ИТТИЛООТИ ТИББӢ

 РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ

 МАҚОМОТИ  ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

Ш. ДУШАНБЕ

Маркази омор ва иттилооти тиббии Раёсати тандурустии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе  аз бюрои омори санитарӣ ба Маркази омор ва иттилооти тиббӣ дар асоси Фармони  Раёсати тандурустии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  ш. Душанбе таҳти №28/2 соли 2000-ум таъсис ёфтааст.

Марказ соли 2000-ум бо 18 штати корӣ: шуъбаи маъмури хочагӣ-8воҳид, шуъбаи омори тибби ва мониторинг-5 воҳид, шуъбаи таҳлилу иттилооти ва ҳисоббарор-5 воҳиди кори тасдиқ шуда буд.

Ҳоло бошад Марказ дар 14,75 штати корӣ, ки дар он директор, 4 нафар оморчӣ, 3 нафар мутахассисони компютер, сармуҳосиб, фаррош, посбон, котиба кор ва фаъолият мекунанд. 

Марказ соли 2000-ум дорои 1 компютер ва  1 принтер буд. Ба он нигоҳ накарда кормандонаш кушишу ғайрат мекарданд то ин, ки Марказ ба номи гирифтааш сазовор бошад. Марказ ҳоло дар кўчаи Нарзикулов 8, ошёнаи дуюми Раёсати тандурустӣ дар 2 ҳуҷра чойгир шудааст. Имруз Марказ дорои таҷҳизотҳои замонавӣ: 5 ноутбук, 6 компютер, 5 дастгоҳи нусхабардор, 1 проектор, 2 телевизор ва мебелу ҷиҳозҳое, ки ба фаъолияти кормандони Марказ таъсири мусбӣ мерасонанд, ҳастанд.

Рақами телефонҳои Марказ: 227-07-82, 223-00-32.

Яке аз вазифаҳои асосии Марказ ин ҷамъоварӣ, такмилдиҳӣ, ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти тиббӣ-оморӣ буда, мувофиқи Таснифи байналмилалии бемориҳо (боздиди 10), тартиб додани ҳисоботҳои маҷмўҳои соҳавӣ ва давлатӣ, супоридани онҳо дар мўҳлатҳои муқарраршуда ба ташкилотҳои маҳаллии оморӣ ва Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, игчунин, бурда расондани ахборот то истеъмолкунандагон дар системаи тандурустии шаҳр.

Соли 2000-2001-ум роҳбарии Марказро Исоева Хуршеда (духтури кўдакона) ва Баротов Ҷумъахон (духтури сироятӣ) ба ўҳда доштанд. Солҳои 2001-2002-юм  иҷрокунандаи вазифаи директор ва баъдан муовини директор ба зиммаи Сафарова Гульрухсор Розиковна (духтури момодоя ва амрози занон) гузошта шуда буд. Соли 2003-юм роҳбарии Марказро Солиева Мамлакат Қурбоновна (духтури сироятӣ) ба ўҳда дошт.

Соли 2004-ум бо фармони Сардори Раёсати тандурустии ш. Душанбе иҷрокунандаи вазифаи директор ва аз моҳи августи соли 2005-ум то ҳол дар вазифаи Директори Марказ Сафарова Гульрухсор Розиковна (духтури момодоя ва амрози занон) кор ва фаъолият мекунад.

Дар тӯли соли 2001-ум то инчониб Марказ панҷ маҷмӯъаи «Нишондодҳои табобатию пешгирикунандаи муасисаҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе»-ро нашр намудааст.

Маркази шаҳрии омор ва иттилооти тиббӣ дар асоси кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низомномаи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе ва қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 364 аз 28 майи соли 2007-ум ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Марказ  бо 60 муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе, яъне 14 Маркази саломатӣ, 17 беморхона, 4 маркази дандонпизишкӣ, 2 хонаи кудакон, 8 муассисаи санитарию эпидемиологӣ, 12 марказҳои соҳавӣ ва 3 муассисаи ёрирасон ҳамкорӣ дорад.

Дар муассисаҳо ҳар сол аз ҳисоби паст будани маоши мутахассисони оморчӣ сайлонияти (текучесть) кормандон дида мешавад. Бо ҳавасмандкунии роҳбарони муассисаҳо як қатор оморчиҳое ҳастанд ки таи чанд сол софдилона кор ва фаъолият мекунанд ба монанди Баховадинова Сафаргул (БКШ№5), Ҳабибова Замира (ТХ№2), Воҳидов Наҳтулло (БКШ№3), Қаҳорова Энахон (МСШ№12), Гафурова  Раъно (МСШ№7), Комилова Муҳабат (МСШ№5), Валиева Зулхумор (МСШ№1), Воҳидова Гулҷаҳон (МСШ№4),  Ткачук Ирина (Маркази тиббии шаҳрӣ),  Ашурова Любовь (Беморхонаи клиникии кўдаконаи №2), Самиева Фируза (Беморхонаи клиникавии сироятии шаҳрӣ), Хван Любовь (МСШ№14), Ҳамроева Мавҷуда (МСШ№10), Баёзов Баҳридин (Маркази пўст ва зуҳравӣ), Тулиева Саодат (МОваИТ), Сафаров Комилҷон (МОваИТ).  

Лоиҳаи «Кўмаки техникӣ оиди мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, имконият дод, ки тамоми иттилоот оиди вазъи солимии аҳолӣ сари вақт ҷамъ ва таҳлил гардида, барои хулосабардорӣ истифода бурда шавад.

Маркази омор ва иттилооти тиббӣ ва 14 Маркази саломатии шаҳрӣ бо шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ пайваст мебошанд ва бо истифода аз барномаи DHIS2 кори мутахассисони омор осон ва сифатнок гашт.