МОИТ ВМКБ

Маркази омор ва иттилооти тиббии ВМКБ соли 1999, бо дастгирии Лоиҳаи Хазннаи Оғо Хон таъсис дода шудааст. Марказ аз соли 1999 то соли 2011 дар бинои алоҳида ҷойгиршуда буд ва соли 2011 онро ба бинои Ҳукумати вилоят кӯчониданд. Марказ дорои 10 корманд ва 5 ҳуҷра мебошад.

Кормандони марказ: директор, 5 корманди омор, 1 корманди техникӣ, 1 сарҳисобчӣ, ронанда ва фаррош.

Солҳои 1999 – 2003 марказро, Нуқра Синавбарова (духтур-эпидемиолог), солҳои 2003-2006 Зулфия Гуламадшоева (духтури кӯдакона), солҳои 2006-2008 Сурайе Мамадназарова (биолог) сарварӣ кардаанд ва солҳои 2008 то инҷониб Сабзагул  Ҷангиева (биолог) дар ҳайси директори Марказ фаъолият менамояд.

Дар муассисаҳои 7 ноҳияи вилоят ва шаҳри Хоруғ ҳуҷраҳои омор фаъолият доранд, иттилоот аз марказҳои саломатӣ ба ин ҳуҷраҳо, аз он ҷо ба Марказ  ворид мешаванд.

Дарвоз: ҳуҷраи омори тиббӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия ҷойгир аст. Як мутахассиси омор, бо маълумоти миёна, барои БМН ва Маркази саломатии ноҳия фаъолият менамояд.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 - 355221483, 355221730;

Ванҷ: дар ҳуҷраи Беморхонаи марказии ноҳия 1 мутахассиси терапевт, оиди омор фаъолият дорад. Дар Маркази саломатии ноҳия 1 мутахассиси омор бо маълумоти миёна фаъолият дорад.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2- 355121225, 355121917;

Рӯшон: дар ҳуҷраи Беморхонаи марказии ноҳия ва Маркази саломатии ноҳия 1 мутахассиси омор бо маълумоти миёна фаъолият дорад.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 --  355621859, 355621859;

Ишқошим: дар ҳуҷраи Беморхонаи марказии ноҳия дар ҳайси духтури оморчӣ, муовини сардухтур оиди корҳои ташкилию методӣ ва 1 мутахассиси оморчӣ бо маълумоти миёна фаъолият доранд. Дар Маркази саломатии ноҳия 1 духтури оморчӣ ва 1 нафар мутахассис бо маълумоти миёна фаъолияти меҳнатӣ доранд.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 - 931069919,  8355221119;.

Роштқалъа: дар ҳуҷраи омори Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳия танҳо 1 мутахассиси оморчӣ бо маълумоти миёна фаъолият дорад.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 -  8355521122;

Шуғнон: ноҳия ба 3 қисм тақсим шудааст, ва он дар ҳудуди Ишқошим, Поршнев ва Навободи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст. Бо ин сабаб дар Беморхонаи марказии ноҳия ва Маркази саломатии ноҳия 3 мутахассиси оморчӣ кору фаъолият доранд. Воридкунии иттилоот ба тариқи электронӣ дар қисми Навободи ноҳия суръат мегирад.

 Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 -  8355521122;

ш.Хоруғ: дар ҳамаи Марказҳои махсусгардонидашуда, Маркази саломатии шаҳрӣ ва дар Беморхонаи вилоятӣ, дар ҳуҷраҳои оморӣ мутахассисони оморчӣ фаъолият доранд.

Телефони пайвастшавӣ бо Интернет барои фаъолияти барномаи электронии DHIS2 -  25921, 22974