Хуш омадед ба веб-сайти Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттиллооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

ОИДИ ЛОИҲАИ “КӮМАКИ ТЕХНИКӢ ОИД БА МУСТАҲКАМГАРДОНИИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН”

Фаъолияти Лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон” барои татбиқи масъалаҳои ҳалталаб ва чорабиниҳои Нақшаи “Дурнамои рушди системаи иттилооти соҳаи тандурустӣ (СИИТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” равона карда шудааст.

Чорабиниҳои барои татбиқи СИТ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, марҳиллаи хотимавии Лоиҳаи мазкур мебошад, ки аз соли 2008 оғоз гардидааст.  

Дар чорчӯбаи фазаи якум, солҳои 2008 – 2009, ба Системаи иттилоотиии идоракунии тандурустӣ (СИИТ) дар асоси дастурамали «Шабакаи ченакҳои нишондоди солимӣ», Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) баҳо дода шуд.

Дар чорчӯбаи фазаи дуюм, Системаи иттилоотии тандурустӣ (СИТ), барои муайяннамоии масъалаҳои аввалиндараҷаи СИТ, банақшагирии дурнамо, аз нав дида баромадани нишондод ва шаклҳои ҷамъоварии маълумотҳо ва таъмини нерӯҳо, дастгирии худро ёфт.

Дар ин марҳилла ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои рушди институтсионалӣ, таъмини иштироки ҳамаи тарафҳои ҳавасманд ва инчунин, ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳои Маркази омор ва иттилооти тиббии назди ВТ ҲИА ҶТ, Шӯъбаҳои бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), Агентии омори назди Президенти ҶТ, таҳия ёфтанд.

Мақсади Лоиҳа:

Мусоидат ба беҳтаршавии солимии аҳолӣ ва беҳбудии муҳити гирду атроф, тибқи татбиқи рушди ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, дастрасии натиҷаҳои беҳтарини такмили соҳа ва таъмини кадрҳо барои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи 1:

Ягона намудани маълумотҳо

Ягона намудани маълумотҳои дақиқи ҳозира ва мунтазам ҷамъовардашуда бо маълумотҳои аз дигар сарчашмаҳо ҷамъоварда шуда, масалан САҲШ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, барномаҳои вертикалӣ, бо мақсади идоракунии босамари соҳа

Масъалаи 2:

Сохтори ташкилӣ/сифати маълумотҳо

Таъсиси сохтори ташкилӣ барои таъмини стандартҳои хуби сифати захираи маълумотҳо

Масъалаи 3:

Натиҷаи фаъолияти соҳаи тандурустӣ/ мониторинг ва баҳодиҳӣ

Таъсиси механизмҳои эффективии мониторинг ва баҳодиҳӣ дар асоси иттилоот аз захираҳои маълумоти ягона бо мақсади баҳодиҳӣ ба нишондодҳои эффективии соҳаи тандурустӣ ва назорати пешравии татбиқи Дурнамои миллии солимии аҳолӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2020