Устав РЦМСИ

ОИННОМАИ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ

«МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОМОР ВА ИТТИЛООТИ ТИББӢ»

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИ

 

Душанбе 2015

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ» (минбаъд Марказ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст.

2. Муассиси Марказ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Муассис) мебошад.

3. Марказ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ташкилшуда ба ҳисоб меравад.

4. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

5. Марказ дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо, мӯҳри мудаввар бо дарҷи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи расмии худ, варақаҳои унвонӣ ва дигар реквизитҳо мебошад.

6. Номи расмии Марказ:

         - бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»;

         - ба забони русӣ: Государственное учреждение «Республиканский центр медицинской статистики и информации»;

         -  номи ихтисоршудаи Марказ бо забони давлатӣ:  

МД «МҶО ва ИТ»;

         - номи ихтисоршудаи Беморхона бо забони русӣ:  ГУ «РЦМСИ».

7. Cуроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 31.

 

2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАРКАЗ

 

8. Марказ шахси ҳуқуқии мустақил буда,  шакли ташкиливу ҳуқуқии он бо моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. 

9. Мувофиқи Оинномаи мазкур Марказ ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Даромади аз чунин фаъолият ба дастомада, инчунин амволи аз чунин даромадҳо харидашуда ба ихтиёри Марказ мегузаранд.

10. Марказ ҳуқуқ дорад қарзҳои бонкиро истифода барад,   иштирокчии муносибатҳои гражданӣ  бошад, аз ҷумла дар мурофиаи судӣ ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

11. Марказ дорои дигар намуд ҳуқуқҳо мебошад, ки бо қонунгузории амалкунанда барои чунин муассисаҳо муқаррар шудаанд.

12. Марказ аз рӯи ӯҳдадориҳояш бо маблағи пулие, ки дар тавозуни мустақили худ дорад, ҷавобгар мебошад. Муассис аз рӯи ӯҳдадории Марказ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият надорад.   

13. Иҷрои стандартҳо, муқаррарот, меъёру нормативҳое, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои Марказ ҳатмӣ мебошад.

 

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ

 

14. Марказ сармуассисаи ҷумҳуриявӣ дар самти омор ва иттилооти тиббӣ мебошад.

15. Сохтор ва самти фаъолияти Марказро Муассис дар асоси эҳтиёҷоти аҳолӣ ба омор ва иттилооти тиббӣ, муқаррар менамояд.

16. Муҳимтарин вазифаҳои Марказ иборат аст аз:

 - таҳия ва ба амал баровардани консепсия ва барномаҳои рушди иттилоотонии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозии кор оид ба таъсиси манбаи ягонаи иттилоотонии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсиси низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи маълумоти омори тиббӣ бо татбиқ намудани технологияҳои нави ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумотҳо;

- қабул ва коркарди ҳисоботҳои оморӣ аз мақомотҳои идоракунӣ ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мансубият ва шакли моликият;

- таҳияи нишондиҳандаҳое, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи солимии аҳолӣ  ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар доираи ҳисоботҳои оморӣ тасдиқшударо ифода менамояд;           

- коркард, ворид намудан ва ҳамроҳи намудани низоми автоматикунонии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва додани маълумот;

- таҳлили маълумотҳои гирифташуда бо ҷалби сармутахассисони мақомотҳои идоракунии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба амалбарории ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатии омори минтақавӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ, муассисаҳои хадамотҳои назорати давлатии эпидемологӣ ва дигар ташкилотҳо;

- назорат дар кори муассисаҳои тандурустӣ истифода бурдани классафикаторҳои байналхалқӣ  ҳангоми пешбурди ҳуҷҷатгузории тиббӣ;

- назорати пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳолатҳои таваллуд ва маргро тасдиқ менамояд;

- таъмин намудани зерсохторҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо намунаи шаклҳои ҳуҷҷатгузории баҳисобгирӣ ва ҳисоботи тиббие, ки бо фармонҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд;

- омӯзиш ва ояндабинии равандҳо ва  ҳодисаҳое, ки бо солимии аҳолӣ вобастагӣ доранд;

- таҳияи пешниҳод оид ба баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- ташкил ва назорати вазъи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи омории муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- омода ва интишори таҳлили ҳолати солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмуаҳои нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба фаслҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани тахассуси корӣ ва касбии кормандони хадамоти омори тиббӣ ва таъминоти техникии ҳама сатҳо, ташкили семинарҳо, паҳн кардани таҷриба ва расонидани кумаки ташкили-тиббии доимӣ;

- иштирок дар таҳияи стандартҳои кумаки тиббӣ, барномаҳои мақсадноки ҳифзи саломатии аҳоли;

- таъмини иттилооти оперативии мақомотҳои идоракунии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсис ва ворид намудни маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои санадӣ ва фармоишӣ оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои кор вобаста ба нашри ҳуҷҷатгузорӣ;

- таълими кормандони низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияҳои иттилоотонӣ;

- ташкил ва гузаронидани кор оид ба таъсиси низоми ягонаи телекоммуникатсия, таъмини техникӣ ва иттилоотонии чорабиниҳое, ки  дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;

-  дастрас ва хизматрасонии таҷҳизоти компютерӣ ва музофотӣ;

- лоиҳакашӣ, таъсис ва истифодабарии INTERNET и шабакаҳои INTERNET ;

-   хизматрасонии  INTERNET;

- хизматрасонӣ ва кор бо хизматрасонии техникии воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ.

 

4. ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

 

17. Марказ барои иҷро кардани вазифаҳои дар наздаш гузошташуда фаъолияти зеринро ба анҷом мерасонад:

- ташкил намудани низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи дар заминаи технологияҳои компютерии муосир ташкил намудани низоми байни соҳавии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва пешкаш намудани маълумотҳое, ки баҳои динамикии вазъи саломатии аҳолӣ, фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва дастгирии иттилоотии қабули қарорҳо, ки ба беҳтар намудани он равона карда шудааст;

- ташкили ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳои омории тиббӣ оид ба шабакаҳо, кадрҳо, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ ва идораи низоми баҳисобгирӣ ва ҳисоботи омории тиббӣ дар ташкилотҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият  ва тобеияти идоравӣ, мебошад.

- роҳбарии ташкилию методӣ ба ташкили низоми ягонаи иттилоотонии низоми тандурустӣ, ба таъсис ва ҳамроҳи кардани низоми автоматизатсияшудаи  идораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти омори тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини омории тиббии мақомотҳои идоракунии тандурустӣ;

- ташкил ва ҳамроҳӣ кардани ҳисоботи омории давлатӣ ва байнисоҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳлили маълумотҳои омори  тиббӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баланд бардоштани самаранокии истифодабарии инфраструктураи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини дурустии маълумотҳо дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботии ҳуҷҷатгузории  тиббӣ;

- ворид намудани технологияҳои нави ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои омории тиббӣ;

- таъсис ва дастгирии ҷамъоварии  ягонаи классификаторҳои низоми мониторинги солимии аҳолӣ;

-таъмини бехатарии низоми маълумотҳои автоматизатсиякардашудаи идоракунии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- паҳнкунӣ ва ҳамроҳии мутамарказонидашудаи маҳсулотҳои барномавӣ;

-  фаъолияти нашриётиву полиграфӣ;

- дигар намуди фаъолияте, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

 

5. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ

 

18. Мақоми олии идоракунии Марказ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

19. Марказ фаъолияти  худро бо Муассис - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи дутарафа амалӣ менамояд. Шартҳои созишномаи дутарафаро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

20.    Муассис ҳуқуқ дорад:

- Оинномаи Марказро тасдиқ намояд, ба он тағйироту иловаҳо ворид намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- бо пешниҳоди директори Марказ муовини директор, сармуҳосиби Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- самтҳои асосии фаъолияти Марказро муайян намояд;

- дар идоракунии корҳои Марказ иштирок намояд;

- тавозуни Марказро тасдиқ намояд ва  ҳисоботи онро қабул намояд;

- комиссияи тафтишотӣ (аудит)-ро таъин намояд;

- фаъолияти Марказро назорат намояд;

- фаъолияти Марказро тафтиш ва баррасӣ намояд;

- маълумотҳои зарурӣ ва ҳисоботро оиди фаъолияти Марказ талаб намояд;

- ҷиҳати азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани Марказ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намояд;

- дар ҳолати барҳам дода шудани Марказ, баъди ҳисобӣ намудан бо қарзҳои он, амволи ба вай тааллуқдошта ё қиммати онро бигирад;

21. Идоракунии Марказ аз тарафи маъмурият амалӣ мегардад, ки ба он директор роҳбарӣ менамояд, ки мақоми иҷрокунанда мебошад.

22. Ба вазифаи директори Марказ шахси дорои маълумоти олии тиббӣ таъин карда мешавад.

23.  Директор шахсан барои фаъолияти Марказ ҷавобгар буда, дар назди Муассис ҳисоботдиҳанда мебошад.

24. Директор ба кори таҳияи лоиҳаҳои нақшавии (ҷорӣ ва дурнамо) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нақшавии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, маблағтаъминкунӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, нашри асарҳо ва маводи маҷлисҳои машваратӣ ва конференсияҳо роҳбарӣ мекунад ва онҳоро барои бо тартиби муқарраршуда тасдиқ кардан пешниҳод менамояд.

25. Директор барои пурраву беосеб будани молу мулки Марказ, барои риоя карда шудани интизоми меҳнатӣ, молиявӣ ва шартномавӣ ва барои масрафи маблағҳо мувофиқи таъиноташон ҷавобгар мебошад.

26. Директор мувофиқи зарурати истеҳсолотӣ мутахассисони баландихтисосро бо пардохти музди меҳнат дар асоси қарордод ба кор ҷалб менамояд.

27. Директор барои баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси кормандони Марказ роҳбарӣ менамояд.

28. Директор фаъолияти воҳидҳои сохтории ба ӯ тобеъро ҳамоҳанг месозад, дар фаъолияти онҳо истифода шудани комёбиҳои илму техникаи ватанӣ ва хориҷӣ, маводи патент ва илмию иттилоотӣ, техникаи ҳисоббарорӣ ва ташкилотӣ, тарзу усулҳои пешқадами иҷрои корҳоро таъмин мекунад.

29. Директор ҳуқуқ дорад масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал намояд:

- аз номи Марказ бе ваколатнома амал намояд, дар муносибат бо дигар ташкилотҳо Марказро намояндагӣ кунад;

- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, созишномаҳо бандад;

- кормандони Марказро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Марказ, ба кор қабул ва аз кор озод кунад, ҳавасманд намояд ва мувофиқи қонунгузории амалкунандаи меҳнат муҷозоти интизомӣ таъин намояд;

- ба шахсони масъули Марказ барои ба ҷо овардани амалиётҳои молиявию хоҷагӣ, ӯҳдадориҳои шартномавии Марказ ваколатномаҳо диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида самарабахшии тарзу усулҳои нав дар соҳаи омор кор карда мебарояд, тасдиқ ва арзёбӣ менамояд, онҳоро тайёр карда, дар амалияи тандурустӣ ҷорӣ мекунад, ба кори Марказ ва марказҳои омори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳо медиҳад, конфронсҳои илмӣ-амалӣ мегузаронад, ёрии машваратӣ мерасонад;

-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар намуди фармоиш содир менамояд.

30. Директор як муовин дорад, ки ӯ дар асоси пешниҳоди директор бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод  карда мешавад.

31. Фаъолияти  муовини директор, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод шудан ва фаъолияти роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказ ва дигар кормандони Марказ дар асоси Низомномаи воҳидҳои сохтории Марказ ва Дастурамали ӯҳдадориҳои вазифавӣ, ки аз тарафи директори Марказ тасдиқ мегарданд, ба роҳ монда мешаванд.

 

6. СОХТОРИ МАРКАЗ

 

- Маъмурият;

- Шӯъбаи омори тиббӣ – духтурон;

- Шӯъбаи оморию тиббӣ – кормандони миёнаи тиббӣ;

- Шӯъбаи таҳлилӣ- духтурон;

- Шӯъбаи иттилотию-ҳисобарорӣ;

- Шуъбаи ҳисобҳои миллии тандурустӣ;

- Шӯъбаи хоҷагӣ.

 

7. АМВОЛ ВА САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МАРКАЗ

        

32.    Амволи Марказро маблағҳои асосие, ки аз тарафи Муассис барои идоракунии фаврӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, инчунин дигар маблағҳое, ки аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ворид шудаанд, ташкил медиҳад.

33.    Сарчашмаҳои маблағгузории Марказ инҳо мебошанд:

- маблағҳои пулӣ ва амволи Муассис дар шакли маблағгузории буҷетӣ;

- маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок ба даст омадаанд;

- бурсияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла барои амалӣ намудани муқаррароти фаъолияти оинномавӣ;

- маблағгузориҳои инфиродии эҳсонкорӣ.

34. Даромадҳое, ки дар натиҷаи ташкил ва анҷом додани хизматрасонии музднок ба аҳолӣ ба дастоварда мешаванд, ба суратҳисоби махсуси Марказ ворид  карда шуда, бо харҷномаи алоҳида ҳисобу китоб карда мешаванд ва аз тарафи Марказ барои рушди иқтидори  Марказ ва филиалҳои он истифода бурда мешаванд.

35. Марказ мустақилона ба мақомоти давлатӣ, андоз ва молиявӣ ҳисобот медиҳад.

36. Марказ ҳамаи амалиётҳои хазинавиро мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом медиҳад.

 

8.  БАҲИСОБГИРӢ ВА НАЗОРАТ

 

37. Марказ дар назди Муассис ҳисобот медиҳад.

38. Марказ баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти худро амалӣ месозад, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

39.  Ҷамъбасти фаъолияти хоҷагидории Марказ дар ҳисоботи солона ва мувозина, ки аз ҷониби Муассис тасдиқ карда мешавад, инъикос меёбад.

40. Назорат аз болои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории Марказ аз ҷониби комиссияи тафтишотӣ ё аудит, ки аз тарафи Муассис таъин карда мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

41. Аъзоёни комиссияи тафтишотӣ (аудитор) ҳуқуқ доранд аз шахсони вазифадор ва ҳайати кормандони Марказ пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва баёнотҳои шахсиро талаб намоянд.

42. Комиссияи тафтишотӣ (аудитор) натиҷаҳои санҷишро ба Муассис манзур менамояд.

43. Комиссияи тафтишотӣ (аудитор) аз рӯи ҳисобот ва мувозинаи солона хулоса тартиб медиҳад, ки дар асоси он Муассис ҳисоботи молиявии солонаи Марказро тасдиқ мекунад.

44. Марказ бо мақсади таъмини пурраи нигоҳдорӣ, ҳамасола барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) амволи арзишнок ва воситаҳои асосиро мегузаронад.

 

9.   ҚАБУЛ НАМУДАН ВА ТАСДИҚ КАРДАНИ

ОИННОМАИ МАРКАЗ

 

45.  Оинномаи Марказ ва тағйироту иловаҳои ба он воридшуда аз тарафи Муассис тасдиқ карда мешавад.

 

10. ҚАТЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

 

46. Қатъ гардидани фаъолияти Марказ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии он сурат мегирад.

47. Азнавташкилдиҳии Марказ тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба амал бароварда мешавад. Ҳангоми азнавташкилдиҳии Марказ ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба вориси ҳукуқиаш мегузарад.

48. Барҳамдиҳии Марказ дар ҳолатҳо ва тартибе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.

49. Амволе, ки баъд аз қонеъ гардонидани талаботи қарздиҳандагон боқӣ мемонад, ба Муассис мегузарад.